Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни баргузории амалиёти махсус дар деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз ду маҳбуси фирорӣ аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллиро боздошт намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, дар ҷараёни амалиёт ҷинояткорон муқобилати шадиди мусаллаҳона нишон дода, пас аз нобуд сохтани нуқтаҳои оташфишонии онҳо, Ҷонибек Зиёев, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Панҷ ва Баҳриддин Ҳасанов, соли таваллудаш 1968, зодаи ноҳияи Тавилдара боздошт шудаанд. «Чанде баъдтар Б. Ҳасанов аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расид», - гуфт ӯ.
Ба қавли Асадуллоев, дар ҷойи баргузории амалиёт ду автомати Калашников, таппончаи Макаров ва дигар муҳимоти ҷангӣ дарёфт шудаанд. «Мутассифона, дар ҷараёни баргузории амалиёт як нафар корманди ШКД-и ноҳияи Тавилдара ҳалок шуда, ду нафар кормандони РКД-и гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ҷароҳат бардоштанд», - афзуд М.Асадуллоев.
Ҳамин тариқ то имрӯз аз 25 нафар маҳбуси фирорӣ аз тавқифгоҳи КДАМ 24 нафар боздошт ё кушта шуданд.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста