Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони афғон боз нияти убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистонро пеш гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ноҳияи Шӯрообод марзбонони тоҷик 12 нафар қочоқбарони нашъаи афғонро ба мушоҳида мегиранд. «Зимни задухӯрди мусаллаҳона миёни ҷонибҳо 8 нафар қочоқбари афғон кушта шуданд», - гуфт манбаъ, вале аз осеб дидани марзбонон чизе изҳор накард.

Ба иттилои сарчашма, дар ҷойи задухӯрд миқдори зиёди аслиҳаи оташфишон ва тахминан 50 кило маводи мухаддири навъъи ҳашиш дарёфт шудааст.

Дарозии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 1 ҳазору 344 километрро ташкил медиҳад. Як моҳ қабл низ марзбонони тоҷик аз убури ғайриқонунии як гурӯҳи ҷангиёни афғон ҷилавгирӣ намуда, ду ҷангии афғонро ба қатл расонида буданд.