Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳодиса дар марзи Афғонистону Тоҷикистон рухдода, ки бар асари он 8 нафар шаҳрвандони кишвари ҳамсоя кушта шуданд, огоҳ аст.

Роҳбари департаменти иттилооти вазорати мазкур Давлат Назриев дар робита ба ин масъала мегӯяд, ҳангоми ташрифи вазири корҳои хориҷии Афғонистон Залмай Расул ба Тоҷикистон фарзияи Афғонистон нисбати ин қазия пешниҳод гардидааст ва мутобиқи ин фарзия, кушташудагон дар марз аъзои як гурӯҳи сайёҳӣ будаанд. «Айни замон ин ҳодиса мавриди омӯзиши мо қарор дорад, зеро фарзияи мақомоти қудратии ҷониби Тоҷикистон дигар аст», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообод ҳашт нафар шахсони ғайриқонунӣ марзро убурнамуда, ки ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар донита мешуданд, кушта шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 23-юми июл ба вуқӯъ пайваст. Бино ба маълумоти мақомоти Тоҷикистон, дар ҷойи ҳодиса 50 кило маводи мухаддир ва аслиҳа дарёфт гардидааст.