Душанбе. 4-уми авнуст. «Азия-Плюс» — | Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки дар тамринҳои низомии ҳамасола таҳти унвони «Уқоби биёбон» дар Қазоқистон, ки шурӯъ аз соли 2003 доир мегарданд, иштирок накунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, аввали соли равон вазорат сафарбар намудани гурӯҳи фаврӣ ҷиҳати иштирок дар ин тамринҳоро ба нақша гирифта буд, ки дар он сарбозону афсарони тоҷик дар ҳамроҳӣ бо намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон, ИМА, Британии Кабир, Қирғизистон ва Литва баргузории амалиётхои ҷангӣ дар шароити гуногунро амалӣ месохтанд ва дар ин бора созмондиҳандагони тамрин низ огоҳ карда шуда буданд.

«Вале бинобар сафарбарсозии сарбозону афсарони артиши миллӣ барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил кардани ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли миллӣ, вазорат наметавонад гурӯҳи фавриро ба Қазоқистон фиристад», - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид сохт, ки соли оянда сарбозону афсарони тоҷик ҳатман дар ин тамрин ширкат хоҳанд варзид.