Душанбе. 8-уми август «Азия-Плюс» — | Дар маросими ифтитоҳи расмии фаъолияти Маркази хизматрасонӣ барои системаи автоматигардонидашудаи гумрукии Тоҷикистон Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Сара Пенҳюн ва Муовини аввали роҳбари Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Неъмат Раҳматов ширкат намуданд.  

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, нормафзори Маркази хизматрасонӣ бо кӯмаки Лоиҳаи минтақавӣ оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ  (USAID RTLC) таҳия гаштааст. Маркази хизматрасонӣ барои Системаи иттилоотии автоматикунонидаи ягона аҳамияти ёрирасон дорад, ки ба сарфаи  вақту хароҷоти соҳибкорон ва кормандони гумрук мусоидат  хоҳад кард.

Ҳангоми суханронияш хонум Пенҳюн чунон иброз дошт: «Истифодаи самараноки низоми автоматигардонидаи гумрукӣ рағбату ҳавасмандиро ба тиҷорат зиёд карда, рушди иқтисоди ва ғанигардонии буҷаро аз ҳисоби андоз таъмин менамояд, инчунин ба коҳиши сатҳи фасод мусоидат мекунад .»

Ҷаноби Гунтис Штамерс, коршинос аз Лоиҳаи USAID RTLC оид ба  технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи гумрук иброз дошт, ки: «Маркази хизматарсонӣ ҳамчун нуқтаи дастрасии иттилоотӣ барои истифодабарандагони системаи зерин ҳангоми рух додани мушкилӣ хизмат хоҳад кард.  Нормафзори дар чорчубаи Маркази хизматрасонӣ таҳия гашта фаъолияти пайваста, босуръат ва самараноки онро таъмин мекунад.» 

Лоиҳаи Минтақавии USAID оид ба савдои озод ва ислоҳоти гумрукӣ яке аз барномаҳои зиёди ба рушди кишвар нигаронида шудаест, ки ба шарофати дастгирии мардуми Амрико имконпазир гардида, тавассути USAID дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад. Шурӯъ аз соли 1992 мардуми Амрико тавассути Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе тахминан 984 миллион доллари амрикоиро барои барномаҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон дар самтҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ маблағгузорӣ кардаанд.