Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе чорабиниҳои махсуси таъмини амният оид ба ошкор сохтани афроди ғайриқонунӣ дар пойтахт иқоматдошта, риояи реҷаи шиносномавӣ ва азназаргузаронии таҳхонаву чердаки биноҳо, заминҳову мавзеъҳои бекорхобида ва биноҳои сохтмонаш нотамомро ба анҷом мерасонанд.

Баргузории чорабиниҳои мазкур дар шаҳри Душанбе аввали моҳи равон оғоз гардиданд. «Нимаи ҳафтаи равон аз баргузории чорабинӣ натиҷагирӣ шуда, дар хусуси он ба дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод мегардад», - гуфт як манбаъ дар РКД-и пойтахт.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ин монанд чорабиниҳо ҳамасола пеш аз таҷлили ҷашни солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, вале бо назардошти он ки «моҳи сентябр дар Душанбе ҳамчунин нишасти навбатии сарони кишварҳои узви ИДМ ва вохӯрии «чаҳоргонаи Душанбе» - сарони кишварҳои Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор мешавад, чорабиниҳо дар миқёси бештар васеътар доир гардиданд».

Ахири моҳи августи соли ҷорӣ сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба реҷаи низоми пурзӯри адои хизмат гузаронида мешаванд.