Дар деҳаи Анҷироби ноҳияи наздисарҳадии Шӯроободи вилояти Хатлон афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон – зодаи ноҳияи Ванҷ Рамзӣ Гулобови 25-сола аз ҷониби қочоқбарони афғон кушта шуд.

Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки афсар Гулобов ҳангоми бозгашт аз рухсатӣ ба қисми низомии худ, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ воқеъ будааст, кушта шудааст.

«Дар роҳи мошингарди Дарвоз-Кӯлоб ба Гулобов ду нафар шаҳрванди мусаллаҳи Афғонистон дарафтодаанд. Афсари ҷароҳати вазнин бардошта, ки боиси маргаш гардид, силоҳи яке аз афғонҳоро гирифта, як тан аз дарафтодагонро захмӣ кардааст», - гуфт манбаъ.

Шаҳрвандони Афғонистон то ба ҷойи ҳодиса расидани  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти қудратии ҷумҳурӣ, соли равон ин ҳодисаи ҳафтуми куштори марзбонон аз ҷониби қочоқбарони афғон дар марзи самти ноҳияи Шӯрообод аст.