Аз 25-уми август то 3-юми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии пойтахт таҳти унвони «Кӯдакон» амалиёти вижа доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти шӯъбаи БДА-и РКД-и пойтахт Шерафган Латифов хабар дод, амалиёти мазкур ба муносибати оғози соли нави хониш дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар баргузор шуда, то санаи 1-уми сентябр кормандони БДА аз кӯчаҳое, ки дар онҳо бинои мактабҳо воқеъанд, боздид мекунанд ва ҳангоми зарурат дар ҷойҳои даркорӣ аломатҳои махсус мегузоранд.

«Дар Рӯзи дониш – 1-уми сентябр кормандони БДА дар тамоми макотиби пойтахт бо толибилмон вохӯрда, ба онҳо дар бораи риояи қоидаҳои асосии бехатарӣ дар роҳҳо сӯҳбатҳо мекунанд», - афзуд Ш.Латифов.

Бино ба маълумоти ШБДА-и РКД-и шаҳри Душанбе, соли равон дар пойтахт бо иштироки ноболиғон 53 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар кӯдак ҳалок ва 58 нафар ноболиғи дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.