Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ба вилояти Астрахани Русия рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти вазорат Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар вилояти Астрахани Русия вазири мудофиаи Тоҷикистон аз ҷараёни марҳилаи севуми тамринҳои низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифоъи ҳавоии ИДМ таҳти унвони «Боевое Содружество-2011» мушоҳида хоҳад кард.

Машқҳо имрӯз бо анҷоми тирпарронии ҳ рбӣ дар тамрингоҳи Ашулук ба итмом хоҳанд расид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар машқҳои мазкур ду гурӯҳи ҷангии нерӯҳои дифоъи ҳавоии Тоҷикистон иширок мекунанд.

«Тамринҳои мазкур иштироки муштараки қисмҳои низомии дифоъи ҳавоии Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро зимни муқобилат ба амали террористӣ дар даргирии мусаллаҳонаи наздимарзӣ пешбинӣ мекунанд», - афзуд Ф. Маҳмадалиев.