Рӯзҳои 21-2-юми сентябри соли равон дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад .

Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, иштироки худро дар ин ҷаласа мақомоти раҳбарӣ ва намояндагони нерӯҳои марзбонии ҳамаи ёздаҳ кишвари узви ИДМ тасдиқ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур баррасии масоили ҳамкории ҷонибҳо дар ташкили назорати марз, пешгирии раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ миёни кишварҳо, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва муҳимот ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳӣ иштирокдорони ҷаласа дар назар аст.