Субҳи имрӯз вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон ба шаҳри Оренбурги Русия сафар кард.

Тавре хабаргузории REGNUM менависад, вазири корҳои дохилии Русия Рашид Нургалиев низ субҳи имрӯз озими ин шаҳр шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод, дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасии масоили ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо дар бахши ҷустуҷӯ ва боздошти афроди ба ҷиноят дастзада, баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳо ва ҳамчунин роҳандозии назорат аз болои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли равон кормандони мақомоти милисаи Русия дар ҷараёни баргузории амалиётҳои «Нелегал» (Будубоши ғайриқонунии шаҳрванд) ва «Розыск» (Ҷустуҷӯ) 44 афроди дар Тоҷикистон ҷинояти гуногун содирнамудаву мавриди пайгард қарордоштаро боздошт намуда, ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон супурданд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон кормандони мақомоти милисаи Тоҷикистону Русия тавассути методи «боррасонии таҳти назорат қарордошта» ду амалиёти махсуси муштарак доир намуданд, ки дар натиҷаи он дар қаламрави Русия аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 12 кило маводи мухаддири героини афғонӣ мусодира гардид.