Ҳафтаи оянда намояндагони Вазорати корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Дар ҷаласаи хайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Оренбург ҷонибҳо ҷиҳати ташрифи намояндагони хадамоти дахлдори ВКД-и Русия ба Тоҷикистон барои таҳияи нақшаи муштараки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва баррасии масоили доир сохтани амалиёти муштарак бобати пешгирӣ ва нобуд сохтани нуқтаҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия тавассути қаламрави Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорат корҳои дохилии Тоҷикистон, дар Оренбург ҳамчунин атрофи масоили таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва табодули маълумот миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо дар ин хусус табодули афкор сурат гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон кормандони мақомоти милисаи Русия дар ҷараёни баргузории амалиётҳои «Нелегал» (Будубоши ғайриқонунии шаҳрванд) ва «Розыск» (Ҷустуҷӯ) 44 афроди дар Тоҷикистон ҷинояти гуногун содирнамудаву мавриди пайгард қарордоштаро боздошт намуда, ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон супурданд.

Ҳамчунин соли равон кормандони мақомоти милисаи Тоҷикистону Русия тавассути методи «боррасонии таҳти назорат қарордошта» ду амалиёти махсуси муштарак доир намуданд, ки дар натиҷаи он дар қаламрави Русия аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 12 кило маводи мухаддири героини афғонӣ мусодира гардид.