Имрӯз як ҳайати воломақоми Вазорати корҳои дохилии Афғонистон таҳти сарварии муовини вазир Бозмуҳаммад Аҳмадӣ бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Афғнистон дар Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз ҳайати мазкур бо мақомоти раҳбарии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят гуфтушунид анҷом медиҳад.

Ҳайати Афғонистон ба шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми октябр омада, бо мақомоти раҳбарии Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон мулоқот мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳадафи аслии сафар таҳкими ҳамкорӣ миёни хадамоти махсуси Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, роҳандозии амалиёти муштарак ҷиҳати нобуд сохтани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ аст.