Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон кормандони милиса як сарбози фирории мусаллаҳ – хизматчии ҳарбии қисми низомии 29131-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии мустақар дар ноҳияи Шӯроободро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи милисаи ҷамоати Даштиҷуми шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод Ниёзмад Зарифов хабар дод, ин сарбоз ду рӯз қабл ҳангоми баргузории тамринҳои низомӣ бедарак шудааст.

«Ҳангоме ки ҳамсафони сарбози бедаракшуда ӯро дар гирду атрофи макони баргузории тамрин ва кӯҳҳои наздик ҷустуҷӯ мекарданд, нозири минтақавӣ, лейтенанти милиса Умед Сатторов сарбозро дар яке аз манзилҳои зисти рустои Хели говара боздошт кард», - афзуд Зарифов. Сарбози фирорӣ бо аслиҳааш ба ихтиёри қисми низомӣ супурда шуд.