Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку рафт. Ҷаласаи мазкур рӯзҳои 26-28-уми октябр баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КДАМ хабар доданд,  дар ҷаласаи Боку баррасии масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои пурсамар миёни хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо ифротгароии динӣ, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар назар аст.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин қабули нақшаи кори Шӯро ва тарҳрезии чорабиниҳои Маркази зиддитеррористии ИДМ барои соли 2012 пешбинӣ шудааст.