Ахири ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо сардори қисми сиёсӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи башар дар назди Хадамоти хориҷии Аврупоӣ хонум Риина Кионка ва Намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Агентии мазкур хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин  Сардори Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр, Сардори Шӯъба оид ба масъалаҳои сиёсии Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Иштван Нитрай ва Мушовир оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон хонум Одроне Перкаускиене иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ дар кишвар шинос намуда, дар бораи сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои амалие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ меандешад, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақши он дар муборизаи ҷаҳонӣ бо ин хатари башарӣ сухан гуфтанд.

Зимнан зикр гард, ки хонум Риина Кионка хабар доданд, ки мақсади ташрифи ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон иштирок дар ҷаласаи чоруми муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Ҳамзамон ҳайати мазкур  бо мақомоти дахлдори кишвар сари мавзӯъи ҳуқуқи инсон сӯҳбат хоҳанд кард.

Дар фарҷоми мулоқот Рустам Назаров таъкид кард, ки талаботҳои ҳамаи аҳдномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя менамояд.