Шоми имрӯз дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа бо сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, нимаи дуюми рӯзи 2-юми ноябр мулоқоти Николай Бордюжа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар дабири кулли СААД бо мақомоти раҳбарии ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ гуфтушунид мекунад. Дар мулоқоту гуфтушунидҳо баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорҷӯби СААД ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки сафари ахири дабири кулли СААД ба Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар доираи баргузории машваратҳо оид ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон сурат гирифта буд.

Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.