Дар натиҷаи амалиёти махсуси кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи наздисарҳадии Панҷи минтақаи ҷануби кишвар охирин маҳбуси фирорӣ аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Аъзамшо Зиёеви 42-сола, ки бештар бо лақаби «Аъзами Панҷара» маъруф аст, боздошт гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ӯ ба иттиҳоми иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша, зӯран ғасб намудани ҳокимият, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва ғайра маҳкум шуда буд.

«Амалиёт дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда, маҳбус муқобилият нишон дода натавонист ва ҳеҷ кас аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осеб надид», - гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, пас аз боздошт аз Зиёев таппончаи Макаров бо тирдони дорои 35 тир, як норинҷаки дастии РГД-5, воситаҳои алоқа ва дигар муҳимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

Ҳамин тариқ, амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ оид ба боздошти маҳбусони фирорӣ, ки беш аз як сол идома ёфт, ба анҷом расид.

Ёдрас мекунем, ки шаби 23-юми августи соли гузашта 25 нафар маҳбусон  аз тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе фирор карданд.

Маҳбусон чанде аз посбонони тавқифгоҳро кушта, ба озодӣ баромаданд. Миёни онҳо 14 нафар шахрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла чеҳраҳои маъруфе  аз қабили бародари собиқ фармондеҳи Гвардияи миллӣ Ғаффор Мирзоев – Абдурасул Мирзоев, ду нафар хеши наздики собиқ раиси КҲФ ва МГ Мирзо Зиёев, собиқ маҳбуси зиндони Гуантанамо Иброҳим Насриддинов ва 11 нафар табааи хориҷӣ – шаҳрвандони Русия, Афғонистон ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд.

Дарҳол пас аз фирори маҳбусон таҳти сарварии вазири умури дохилии ҷумҳурӣ ситоди фаврӣ тасъсис ёфта, муддати тамоми сол кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи ҷустуҷӯйи онҳо мунтазам амалиёт мегузарониданд. Дар ҷараёни амалиёт 24 нафар маҳбусӣ фирорӣ боздошт ё кушта шуданд. Мутаассифона, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз талафот эмин намонданд.

Дар иттилоияи КДАМ пас аз чанд рӯзи фирори маҳбусон гуфта мешуд, маҳбусон бо истифода аз «бемасъулиятӣ ва хунукназарии кормандони тавқифгоҳ нисбат ба вазифаҳои худ» фирор намудаанд. Баъди чанде раиси КДАМ ва се нафар муовинони ӯ истеъфо доданд.

Собиқ муовини сардори тавқифгоҳ Сайдулло Бердиев ва посбони ин муассиса Сӯҳроб Акбаров бо ҳукми додгоҳ ба муддати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Як посбони дигари муассиса Саидалӣ Саидов ба муддати 2 сол равонаи зиндон гардид. Барои хунукназарона муносибат кардан ба вазифаи худ навбатдори тавкифгоҳ Қобилҷон Касиров ба муддати 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамчунин додгоҳ чаҳор нафар маҳбусони фирориро ба ҳабси абад ва се нафар дигарро ба муддати 30 соли зиндон маҳкум кард. Ғайр аз ин, нисбат ба чанде аз шаҳрвандони  маҳбусони фирориро паноҳдода ё аз маҳалли будубоши онҳо ба мақомот хабарнадода низ ҳукмҳои додгоҳӣ содир шуд.

Айни замон корҳои тафтишотӣ нисбат ба маҳбусони фирори дигар идома дорад. Се нафар аз маҳбусони фирорӣ – шаҳрвандони Афғонистон дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд ва акнун парвандаи онҳо дар додгоҳи Афғонистон баррасӣ мешавад.

 

Дар акс: Аъзамшо Зиёев. Акс аз ҷониби маркази матбуоти ВКД ҶТ пешниҳод гардид.