Дар шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов, ки ба мусофиркашонӣ машғул буд, ба қатл расонида шуд.

Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия, дар содир намудани ин ҷиноят бародари зане, ки сокини фавтидаи ноҳияи Шаҳритӯс бо ӯ зиндагӣ мекард, гумонбар дониста мешавад. Гумонбаршуда чанде пештар аз маҳбас озод гардида, алҳол боздошт нашудааст.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки намояндагии Хадамоти муҳоҷират ба он такя мекунад, ҷиноят рӯзи 16-уми ноябр бар асари нофаҳмиву ҷанҷол миёни онҳо содир шуда, ҷасади шаҳрванди тоҷик бо сари бурида ва оташзада дар канори шаҳри Санкт-Петербург дар мошинаш дарёфт шудааст. Намояндагӣ ҷараёни татфишоти парвандаи мазкурро пайгирӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳороте пахш кард, ки дар он аз қатли ваҳшиёнаи Бахтиёр Расулов ибрози нигаронӣ карда мешавад.

Дар изҳороти ҲНИТ гуфта мешавад, ин ҳодисаи аввали бераҳмӣ ва риоя накардани ҳуқуқҳо нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия нест. «Аммо сари буридаи Б.Расулов ҳушдори хатарнокест, ки бояд ба он аҳли ҷомеаи Русияву Тоҷикистон вокуниш нишон диҳанд, - зикр мегардад дар изҳорот. – Дар Русия муҳоҷирони кории тоҷик ҳамеша бо мушкилот рӯбарӯ буданд, вале мутассифона, ахиран онҳо ба як қисми бозиҳои сиёсӣ табдил ёфтанд, ки аз оқибатҳои он дарҳол гурӯҳҳои ҷиноятпеша истифода бурданд».

Шӯрои сиёсии ҲНИТ таъкид месозад, ки рӯзҳои ахир ҳукуматдорони расмии Русия ҷиҳати ба субот овардани вазъи мавҷуда миёни муҳоҷирони кории тоҷик чораҳо меандешад, «аммо сиёсатмадорони ҷудогона баҳри пиёда сохтани манфиатҳои ғаразноки худ ба шадид кардани вазъ атрофи ин мушкилот идома медиҳанд».

«Шӯрои сиёсии ҲНИТ изҳори боварӣ мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҳифзи ҳаёт ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар дар хориҷи ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳоро андешида, ҳамчунин қотилони Б.Расуловро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб месозад», - омадааст дар изҳорот.