Аз 5 то 9 декабри соли  2011 бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони ҷавон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯъи «Тамоюлҳои ҷаҳонии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир» мегузарад.

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, тренинг аз ҷониби Раёсати мубориза бо мухаддироти (ДЕА) назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар нахустин рӯзи оғози семинар Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ҳамкориҳои наздики ҷонибҳоро дар самти назорати маводи мухаддир хуб арзёбӣ кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тренинг омӯзиши маводҳои методӣ, ҳамчунин гузаронидани дарсҳои амалӣ аз рӯи мавзӯъҳои гузашта дар назар аст. Мақсади тренинг баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон, васеъ кардани имкониятҳои онҳо барои беҳтар кардани фаъолияти ҳаррӯзаашон мебошад.