Пас аз занги «террористони телефонӣ» бо хабари дар ҳавопаймоҳо мавҷуд будани маводи тарканда, мусофирони ҳавопаймоҳои ду хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав дар ҳолати стресс қарор доштанд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, занги телефонӣ дар бораи мингузории ҳавопаймо ба пулиси Русия ворид шудааст. Шахси зангзананда рақами хатсайрро нагуфтааст.

Замони ворид шудани занг як ҳавопаймои ин хатсайр аллакай дар парвоз ба пойтахти Русия қарор дошт. Парвоз аз чониби ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр» анҷом дода мешуд. Пас аз фуруд омадан, ҳавопаймо ба истгоҳи алоҳида бурда шуда, баъди ба ҷойи бехафв интиқол додани мусофирон, онро хадамоти махсус мавриди санҷиш қарор доданд.

Ба иттилои хабаргузории «Интерфакс», хабари бомбгузорӣ бардурӯғ баромада, «террористи телефонӣ» аллакай боздошт шудааст. Пулис муайян кардааст, ки занги телефонӣ аз шаҳри Новосибирск сурат гирифтааст. Баъдтар шахсияти «террористи телефонӣ» низ муайян гардид.

Тавре ба хабаргузории РИА «Новости» як манбаъ аз ВКД-и Русия хабар додааст, боздоштшуда гирифтори бемории рӯҳӣ буда, хешовандонаш низ инро тасдиқ намудаанд ва ин бори аввал набудааст, ки ӯ чунин «дилхушӣ» мекардааст.

Дар ҳамин замон дар Душанбе низ бинобар сабаби занги телефонӣ ба мақомоти милисаи тоҷик дар бораи мингузорӣ кардани ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», парвози он ба Маскав боздошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳавопаймои мазкур аз ҷониби кинологҳо дақиқан мавриди азназаргузаронӣ қарор гирифта, дар он маводи тарканда пайдо нашудааст.

Масъали ошкор сохтани «террористи телефонӣ» ба дӯши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вогузор гардидааст. Айни замон дар Кумитаи мазкур ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса мазкурро рад насохтанд, вале аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ варзиданд.