Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсяи Рустам Назаров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳанс Олсонро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории Шоҳигарии Шветсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори мубориза бо маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва таҳкими иқтидори маркази матбуотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари Агентӣ ба ҷаноби Сафир дар бораи вазъи вобаста ба мухаддирот дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот дода, дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, инчунин ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкасбони худ аз дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор нақл кард. Директор дар бораи фаъолияти Агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушди он нақл карда, зимнан ба ҳамкориҳои созандаи политсияи криминалии Шветсия таъкид намуд ва ба ҷаноби Сафир барои кӯмакҳое, ки политсияи Шветсия ба Шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентӣ мерасонад, изҳори миннатдорӣ кард.

Ҷаноби Олсон дар навбати худ қайд намуд, ки Ҳукумати Шветсия дар масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва бахусус дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Вай аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт фаъолияти самарабахш доранд. Ҳукумати Шветсия дар оянда низ ният дорад аз роҳе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори мубориза бо маводи нашъадор интихоб кардааст, пуштибонӣ кунад ва аз омодагии ҷониби Шветсия дар баргузории курсҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Дар поёни дидор аз Агентӣ ҷаноби Олсон бо шароитҳои нигаҳ доштани маводи мухаддир, фаъолияти маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташхиси судӣ ошно шуд.