Дар рӯзи аввали Соли нав дар шаҳри Алексияи вилояти Тулаи Русия як шаҳрванди Тоҷикистон аз захми корди ҳамватанони худ ба ҳалокат расид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, 1 январи соли 2012 тақрибан соати 01:00-02:00 дар вилояти Тулаи Федератсияи Россия, шаҳри Алексия, кӯчаи «Мир», дар назди мағозаи хурокворӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Мирзоғании Аҳмад, санаи таваллудаш 01.02.1991, сокини деҳаи Нимичи ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт дарёфт гардид.
Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Мирзоғании Аҳмад бо ҳамроҳи се шаҳрванди Тоҷиқистон ҳангоми сайру гашти идона дар кӯчаи зикршуда, бо шаҳрвандони Тоҷикистон (тақрибан 10-15 нафар) бо сабабҳои номаълум муноқиша намуда, дар натиҷаи он аз захми корд ба ҳалокат расид. Ҳамроҳонаш Ҳаитов Сайёд, сокини ноњияи Рашт, Ёқубов Баракатулло, сокини шањри Душанбе ва Сангов Аҳлиддин, сокини шањри Кўлоб захмдор шуданд. Вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдори шањри Алексия парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, 8 нафар гумонбаршудагон дастгир шудаанд.
Ҷасади шаҳрванд Мирзоғании Аҳмад баъд аз гузаронидани ташхиси тиббӣ-судии лозима ба Тоҷикистон фиристода мешавад.
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста