Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе Алишер Ҳусейнов тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Маскав ба ватан оварда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, А.Ҳусейнов бар асари бемории дил дар муассисаи ислоҳотӣ, ки муҳлати ҷазояшро барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ адо мекард, ба ҳалокат расидааст.

Моҳи августи соли 2010 ӯ аз ҷониби суди шаҳри Маскав ба муҳлати 10 сол маҳкум гардида, муҳлати ҷазояшро дар яке аз муассисаҳои ислоҳотии вилояти Саратов адо мекард.