Айни замон 9 гузаргоҳи гумрукӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вилояти Суғд аз фаъолият бозмондаанд.

Ба гуфтаи муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов, дар доираи созишномаи баимзорасида миёни кишварҳо дар байни давлатҳо бояд 16 нуқтаи гузаргоҳҳо амал намоянд.

«Ман танҳо гуфта метавонам, ки ҷониби Ӯзбекистон аз 1-уми августи соли гузашта моро огоҳ карда буд, ки дар се гузаргоҳи гумрукӣ корҳои таъмири баргузор шуда истодаанд. Бо кадом сабаб дигар гузаргоҳҳо баста шудаанд, маълум нест», - гуфт Раҳматов.

Номбурда таъкид кард, ки созишномаи баимзорасида то ҳанӯз амал мекунад ва муқаррарот дар бораи фаъолияти гузаргоҳҳоро ҷонибҳо дубора баррасӣ накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд, гузаргоҳҳои гумрукӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозанд.

«Аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёти ҳарду кишвар бо риояи талаботи гумрукӣ бидуни мамониат равуо доранд», - афзуд манбаъ.