Мушовири байнулмилалӣ Петер Алан мониторинги ҷараёни амалисозии лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистонро баргузор намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, мониторинг, ки аз 27-уми январ то имрӯз доир гардид, давраи хеле тӯлонӣ – аз моҳи июли соли 2003 то моҳи декабри соли 2011-ро дарбар гирифт.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар мушовир бо директори АНМН Рустам Назаров мулоқот кард. Зимни мулоқот директори АНМН мушовирро бо фаъолияти агентӣ дар доираи лоиҳа шинос намуда, оид ба беҳбуди таъминоти моддиву техникӣ ва молиявии ин ниҳод як қатор пешниҳодҳо иброз кард.
Мушовир ҳамчунин бо фаъолияти воҳидҳои АНМН дар вилояти Суғд, марказҳои таҳлилӣ, синфи компютерии омӯзиши интерактивӣ, озмоишгоҳи ташхисҳои судӣ, вазъи анбори нигоҳдории маводи нашъаовар, боздоштгоҳи муваққатӣ ва маркази кинологии агентӣ аз наздик ошно гардид.
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста