Марзбонони тоҷик аз ҳодисаи навбатии қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, рӯзи 29-уми январ дар дараи Саломалеки ноҳияи Шӯрообод як гурӯҳ қочоқбарони афғон кӯшиши убури марзро кардаанд, вале ба муқобилияти марзбонон дучор гардида, ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд. «Дар ҷараёни муқобилияти мусаллаҳона яке аз қочоқбарон захмӣ шуд», - гуфт манбаъ.

Бино ба итилои манбаъ, дар ҷойи ҳодиса ду халтаи дори 25,5 кило маводи мухаддири героин ва 1 кило кокаин дарёфт шудааст.

«Муайян карда шудааст, ки ба гурӯҳи қочоқбарони Саҳобиддин валади Амон, сокини музофоти Тахори Афғонистон сарварӣ мекунад. Айни замон мавзеи мазкур пурра мавриди санҷиш ва ҷустуҷӯ қарор дорад», - гуфтанд дар сарраёсат.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта марзбонони тоҷик аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 700 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.