Сокини 26-солаи деҳаи Қизил Нишони ҷамоати Янгийӯли ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Бахтиёр Умаров аз ҷониби хадамоти махсуси Покистон ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Бино ба гуфтаи сарёвари прокурори вилояти Хатлон Толибҷон Азимов, истирдодшуда яке аз узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон буда, ба сафи гурӯҳи муташаккил 13 нафар сокини ин маҳал шомил будаанд. «Айни замон се нафар аз аъзои гурӯҳ боздошт шуда, аъзои боқимонда таҳти пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон шудаанд», - гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси ноҳияи Қубодиён Меҳринисо Раҷабова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар бораи истирдоди Бахтиёр Умаров хабар надорад, вале падарашро ҳамчун табиби ҳозиқ мешиносад. «Падари Бахтиёр чанд соли ахир мутобиқи қарордод дар Яман кор мекард ва чанде қабл ба ватан баргашт», - иброз дошт ӯ.

Падари истирдодшуда Тоҷиддин Умаров гуфт, кӯшиш кардааст, писарашро ба таври лоиқу шоиста тарбия намояд. «Бахтиёр Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси дорусоз хатм намуда, дар деҳа дорухона дошт. Боре ӯ гуфт, ки баҳри пулкоркунӣ ба Русия меравад. Ӯ дигар бо мо алоқа надошт ва мо фикр доштем, ки ӯ дар Русия аст», - афзуд номбурда.