Рӯзҳои 20-22-юми феврали соли ҷорӣ дар Душанбе ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфтанд, ҳайати Ӯзбекистонро, ки ба он зиёда аз 25 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомил мегарданд, муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов сарварӣ хоҳад кард.

«Ҳайати Ӯзбекистон тавассути қатора ба Душанбе меояд», - зикр кард манбаъ.

Зикр мегардад, ки ҳайати Тоҷикистонро котиби Шӯрои амнияти ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров роҳбарӣ хоҳад кард.

Масофаи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 1,2 ҳазор километрро ташкил дода, то имрӯз ҳудуди 80%-и он муайян карда шудааст.