Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи лоиҳаи нав, ки раванди демаркатсияи сарҳад дар водии Фарғона ва минтақа кӯмаки техникӣ мерасонад, оғоз намуд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, зимни як қатор ҷаласаҳо хадамоти илмии дохилии Комиссияи Аврупо, Маркази муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, ки амалиёти лоиҳаро ба зима дорад, нақшаи чорабинӣ ва ҳаҷми кӯмаки техникии пешбинишударо ба намояндагони шӯъбаи Дастгоҳи президент оид ба демаркатсияи сарҳад, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия ва дигар мақомоти дахлдор пешниҳод кард. Ҷаноби Эдуард Ауэр, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустин иштирок намуд.

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо барои ҳар як кишвари иштироккунанда аксҳои радифии минтақаҳои сарҳадиро таъмин мекунад. Инчунин ба онҳо таҷҳизоти фотограмметрикӣ ва компютерӣ низ дода мешавад.

Илова ба ин, Иттиҳоди Аврупо таҷҳизоти мавқеъмуайянкунии геодезиро барои аниқ муқаррар намудани координатҳо ва баландии минтақа бепул таъмин менамояд. Маълумотҳои бадастомада ва таҷҳизот метавонанд дар давоми ҷаласаи комисссияҳои тарафайн оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад ва ҳамчунин аз тарафи шӯъбаҳои назорати сарҳад истифода гарданд.

Муҳлати дарнардоштшудаи лоиҳа 18 моҳ ва буҷети тақрибии он 1312500 Евроро ташкил медиҳад.