Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА лавозимоти шахсиро  бо арзиши зиёда аз 115 000 доллари амрикоӣ иборат аз  лавозимоти шахсӣ барои ҳимоя,  либосҳои гарм ва лавозимоти размороӣ ба қувваҳои мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дастрас намуд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин таҷҳизотро зиёда аз 40 нафар кормандони қувваҳои махсуси мусаллаҳи мобилии қушӯнҳои сарҳадӣ, ки таҳти омӯзиши устодони америкоӣ  оид ба усулҳои  алайҳи маводи мухаддир қарор гирифтанд, истифода хоҳанд кард. Ин таҷҳизот барои баланд бардоштани сатҳи тавоноии қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон равона шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ Кордони сафорати ИМА хонум Сэра Пенхюн иброз дошт: «Ҳукумати Амрико бо қушӯнҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани амнияти сарҳадӣ ва пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкории зич дорад. Мо дар таъмин намудани амнияти сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон  ва ифротгарон мақсади муштарак дорем».

Номбурда ҳамчунин гуфт, ин таҷҳизот кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди ифротгароӣ беҳтар мегардонад. Ин хайрия яке аз лоиҳаҳои кӯмакрасони Сафорати ИМА мебошад, ки ба қувваҳои мусаллаҳиТоҷикистон пешкаш гардидааст.