Дар минтақаи ҷануби кишвар ба ду нафар маҳбусон фирор аз зиндон муяссар шуд, вале онҳо базудӣ боз дастгир ва зиндонӣ гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳодиса якчанд рӯз пештар рух додааст. «Дар муассисаи ислоҳотии реҷаи умумии ноҳияи Ёвон ба ду нафар маҳбуси бо ҷурми дуздӣ маҳкумшуда муяссар гардид, ки аз зиндон фирор намоянд, вале худи ҳамон рӯз онҳо дастгир шуданд», - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи сарчашма, чанде қабл муҳлати адои ҷазои ин маҳбусони фирорӣ тибқи қонуни афв кам карда шуд. «Муҳлати адои ҷазои онҳо то соли 2015 боқӣ монда буд, вале акнун бо назардошти ҳолатҳои нав, замони ба озодӣ баромадани онҳо тӯл хоҳад кашид», - гуфтанд дар мақомот.

Дар бораи чӣ гуна ба фирор даст ёфтани маҳбусон маълумот дода намешавад, аммо фарзияе мавҷуд аст, ки онҳо зимни интиқол ба муассисаи ислоҳотии дигар гурехтаанд.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел дар прокуратураи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.