Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсози масоили дифои зидииҳавоии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор оғоз кард.

Чуноне аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати сарфармондеҳи Нерӯҳои низомии ҳавоии Русия генерал-полковник Александр Зелин доир мегардад.

«Дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат меварзанд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа фармондеҳи Нерӯҳои низомии ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоии ҶТ генерал-майор Раҳмоналӣ Сафаралиев роҳбарӣ менамояд», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа баррасии беш аз 20 масъала, аз ҷумла масоили марбут ба такмил ва рушди низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифои зиддиҳавоӣ ва ҳамчунин таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи дифои зиддиҳавоӣ дар назар аст.