Дар ноҳияи Исфара маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ бо фиристодани 50 нафар даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз гардид.

Ба ин муносибат дар майдони марказии шаҳри Исфара бо ҳузури волидайну наздикон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмат баргузор шуд.

Ба гуфтаи комиссари ҳарбии шаҳри Исфара Қаҳрамон Ашӯров, соли равон баҳри муваффақона анҷом додани маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, комиссариати ҳарбӣ дар ҳамдастӣ бо роҳбарони ҷамоатҳо, корхонаву ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ВАО корҳои тадорукотӣ ва омодагии зиёдеро ба сомон расонидаанд.

«Вохӯриҳои сершумори ҷавонон бо хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони низомӣ доир гардида, дар қисмҳои низомии мустақар дар қаламрави шаҳру ноҳия рӯзҳои дарҳои боз баргузор шуд», - гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ беш аз 300 нафар зодагони ноҳияи Исфара ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи кишвар сафарбар хоҳанд шуд.