Дар чаҳорчӯби татбиқи барномаи Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба марзбонони тоҷик кӯмаки техникӣ расонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, кӯмаки техникии Дафтари САҲА дар Душанбе аз шаш автомашинаи ҳарҷогард – се автомашинаи тамғаи Chevrolet NIVA ва се автомашинаи УАЗ-и истеҳсоли Русия иборат аст.

«Ба ҷуз автомашинаҳо, ба марзбонони тоҷик ҳамчунин таҷҳизоту сарулибос, ки барои гурӯҳи таъиноти махсус пешбинӣ шудааст, низ тақдим гардид», - гуфт манбаъ.

«Техникаву таҷҳизоти мазкур ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мубориза алайҳи террризму муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро тақвият бахшад ва ҳамчунин ин як дастгириест дар кӯшишоти кишвари мо ҷиҳати таъмини амният дар марзҳо», - гуфт дар маросими тақдими кӯмаки техникӣ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо.

Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 344 километрро ташкил дода, бештари қисмати он дар манотиқи душворгузари куҳистон ҷойгир аст.