Дар шаҳри Душанбе вохӯрии серӯзаи гурӯҳи минтақавии кории такмили фаъолияти воҳидҳои ба шаклдарории воситаҳои нашъадор ба кори худ оғоз намуд. Мулоқоти мазкур  аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва Барномаи рушди СММ оид ба мусоидат ба идораи марзҳо дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ташкил карда шудааст.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, мулоқот бо суханони муқаддимавии Муовини аввали Директори Агентии мазкур генерал-майор Вайсиддин Азаматов ва сарвари ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Е.П.Эдуард Ауэр ифтитоҳ шуд.

В. Азаматов, ки аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, иштирокчиёни нишастро доир ба вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа, тавлиди мухаддирот дар Афғонистон шинос кард.Тибқи маълумоти СММ соли гузашта дар кишвари ҳамсоя майдони кишти кӯкнор 131 ҳазор гектарро ташкил дод, ки ин дар қиёс ба  соли 2010 қариб  7% зиёд аст. Солҳои охир кишти каннабис дар Афғонистон рӯ ба рушд овардааст ва агар вазъ ҳамин гуна идома ёбад, Афғонистон дар кишту тавлиди ин навъи маводи нашъадор низ пешсафи ҷаҳон хоҳад буд. 

Як миқдори мухаддироти тавлиди Афғонистон аз тариқи “Хатсайри Шимол”, ки аз қаламрави Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон убур мекунад, ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо ворид мешавад. Муовини аввали Директори Агентӣ таъкид кард, ки “Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Ағонистон, ки тавлидкунандаи асосии афюн дар ҷаҳон эътироф шудааст, 1344 км марзи муштарак дорад ва зарфи даҳ соли охири асри гузашта эпидемияи нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир кишвари моро низ фаро гирифт. Интиқоли ғайриқонунии он аз марзи давлатӣ оғоз ёфт”. Дар ин иртибот вай афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилот  бо дарки масъулият бархӯрд кард ва барои мубориза зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии мухаддиротӣ аз тамоми имкониятҳои лозим ва имконпазир кор гирифт. 12 апрели соли 1996  Фармони тақдирсоз “Дар бораи чораҳои таъхирнопазири таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир” содир гардид, ки аввалин таҳкурсии боэътимод ва муборизаи мақсаднок ба муқобили ин хатари башариро гузошт.

В. Азаматов аз иқдоми баъдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд, ки яке аз он кӯшиши самаровари таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовар ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти Афғонистон аз тариқи мубориза бо мухаддирот буд. Зинаҳои баъдии мубориза бо мухаддирот дар кишварро созанда ва муваффақиятомез хонд ва гуфт, ки соли 2011 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 4237,798 кило воситаҳои нашъаовар мусодира намуданд, ки ин 8,6% бештар аз соли 2010 буд. Танҳо соли 2011 76,2% мухаддироти мусодирашуда мансуб ба гурӯҳи каннабис буд.

Вай як шарти асосии ташкили самараноки мубориза бо хатари мухаддиротиро ташкили системаи бисёрсатҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дониста, аз татбиқи “Барномаи  мусоидат ба идораи марзҳо дар Осиёи Марказӣ” (БОМКА) ёд кард ва онро яке аз самарабахштарин барномаҳои зиддимухаддиротӣ дар минтақа донист. Дар доираи барномаҳои БОМКА дар нуқтаҳои муҳими марзӣ таҷҳизоти замонавӣ насб карда шуданд, барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва такмили ихтисоси кормандон курсҳои минтақавӣ ва миллӣ ташкил гардиданд, ки ин бешак боиси самаранокӣ дар кори мубориза бо мухаддирот гардидааст.

Ширкаткунандагони мулоқот ба минтақаи Кӯлоб сафар карда,  дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар фурудгоҳи байналмилалии  шаҳри Кулоб мегузаронанд. Ҳамчунин ташрифи онҳо ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, вохӯрӣ ва мулоқот бо роҳбарият ва шиносоӣ бо фаъолияти Раёсату шӯъбаҳои АНМН дар назар аст.