Зимни мулоқот бо котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар Пекин узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Сзянчжу изҳор кард, ки Тоҷикистону Чин бояд ба таври комил аз механизми машварати вазирони амнияти ҷамъиятӣ (корҳои дохилӣ) истифода намуда, сатҳи ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тақвият диҳанд.
Ёдрас мекунем, ки котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абудураҳим Қаҳҳоро ҷиҳати иштирок дар мулоқоти 7-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар давлати Чин қарор дошт.
Рӯзномаи «Женмин жибао»-и Чин менависад, Мэн Сзянчжу дар идома гуфтааст, дар давоми 20 сол аз замони барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ, Чину Тоҷикистон дар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд.
«Тоҷикистону Чин бояд ба табодули маълумоту таҷриба ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СҲШ, бахусус дар доираи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир кӯшиш ба харҷ диҳанд», - иброз доштааст вай.
Номбурда ҳамчунин бо мақсади таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар манотиқи наздисарҳадии ҳарду кишвар таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи марзиро таъкид сохтааст.
Дар навбати худ А.Қаҳҳоров низ таҳкими ҳамкориҳо бо ҷониби Чин дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният, таҳкими ҳамкориҳои наздимарзӣ, роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи муассир дар доираи сохторҳои СҲШ ва саҳм гузоштан дар таъмини сулҳу субот дар кишварҳо ва дар маҷмуъ минтақаро муҳим арзёбӣ кардааст.
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста