Нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 59% ба иҷро расид. Нақшаи даъват дар шаҳрҳои Нораку Сарбанд ва ҳамчунин ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон пурра ба иҷро расидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар вилояти Хатлон нақшаи даъват ба андозаи 70%, ВМКБ – 48%, вилояти Суғд – 50%, ноҳияҳои тобеи марказ – 61% ва шаҳри Душанбе – 50% ба иҷро расидааст.

Ба иттилои сардори маркази матбуоти вазорати мазкур, қафомонии нақшаи иҷрои даъват нисбат ба соли гузашта ба он вобаста аст, ки соли равон комиссияҳои дахлдор ба сифати даъват ва вазъи солимии даъватшудагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳанд.

Номбурда гуфт, иҷрои нақшаи даъват аз ҳама камтар дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба мушоҳида мерасад, ки мутаносибан 32 ва 34%-и нақшаро ташкил додааст. Ф.Маҳмадалиев изҳори боварӣ намуд, ки нақшаи даъват дар муҳлати муқарраршуда – 31-уми май ба иҷро хоҳад расид.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31-уми майи соли равон идома меёбад. Тибқи қонун, ба хизмат шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.