Моҳи апрели соли 2012 Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҳисоботи зимистонаи худро оид ба афюн дар Афғонистон бо арзёбии ҳаҷми кишти кӯкнор дар соли ҷорӣ интишор дод.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, тибқи арзёбии муқаддамотӣ дар қаламрави вилоятҳои Қандаҳор ва Ҳилманд, ки аз ҷумлаи минтақаҳои асосии кишткунандаи кӯкнор ба шумор мераванд, гумон аст афзоиши майдони кишт ҷо дошта бошад. Агарчанде ки арзиши афюн боло меравад, вале дар вилояти Қандаҳор метавон коҳиши майдони киштро мушоҳида кард. Сабаби ин беҳбуди вазъи амниятӣ, таъсири тадбирҳои зиддимухаддиротие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон меандешад, кӯмак ба кишоварзон, бахусус дар мавриди таъмин бо озуқа дар вилояти Ҳилманд мебошад.

Чун дар соли 2011 имсол низ метавон иртибот миёни ноамнӣ, нарасидани кӯмак ба кишоварзон ва кишти кӯкнорро мушоҳида кард. Яъне, деҳоте бо сатҳи пасти амният ва он ҷумла деҳаҳое, ки барояшон кӯмаки кишоварзӣ нарасида буд, назар ба деҳоти таъмин бо амният ва аз ёриҳои кишоварзӣ баҳрамандшуда дар соли 2012 бештар даст ба кишти кӯкнор хоҳанд зад.

Дар вилоятҳои ғарбӣ ва шарқии Фароҳ, Ҳирот, Ғур, Нимрӯз, Нангарҳор, Кунар ва Каписо, чуноне интизор меравад, кишти кӯкнор рӯ ба афзоиш хоҳад овард. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин вилоятҳои номбурда дар қиёс ба вилоятҳои Ҳелманд ва Қандаҳор дар сатҳи пасти кишти хашхош боқӣ хоҳанд монд. Афзудани майдони кишт дар вилояти Ғур дар ҳоли сари вақт роҳандозӣ нашудани амалиёти нобудсозии киштзор метавонад мақоми “озод аз кишти кӯкнор”-ро барои ин вилоят аз байн бубарад.

Вилоятҳои боқимондаи минтақаҳои марказӣ ва шарқӣ чун дар соли 2011 соли ҷорӣ низ вилоятҳои озод аз кишти кӯкнор боқӣ хоҳанд монд.

Вилояти Бадахшон ягона вилоят дар қисмати шимолии ин кишвар мебошад, ки кӯкнор кишт мекунад ва эҳтимол меравад имсол майдони киштро афзун кунад. Аммо мақоми вилояти Тахор пешгӯинашаванда аст. Зеро дар замоне, ки таҳқиқот гузаронида мешуд, ниме аз заминҳои он барфпӯш буданд. Пешбинӣ мешавад, ки вилоятҳои Кундуз ва Балх соли 2012 низ мақоми “озод аз кишт”-ро тағйир намедиҳанд.

Дар “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар соли 2011”, ки Агентӣ интишор дода буд, дар соли 2012 афзудани мусодираи мухаддироти афюнӣ, ки аз вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ворид мешавад, пешбинӣ мешуд.

Зарфи чор моҳи соли 2012 дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2011 миқдори мухаддироти афюнии мусодирашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3,3% ва героин 50,2%  зиёд шудааст.