Дар Вазорати корҳои дохилӣ вобаста таъкиду эродҳои Роҳбари давлат дар паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар хусуси пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон мушовараи махсус доир карда шуд, ки дар он Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, аъзоёни мушовараи Вазорат, кормандони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ иштирок варзиданд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷаласаи мазкур айни замон идома дошта, дар он омилҳои сарзадани ҷинояту қонуншиканӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон, маърифати пасти ҳуқуқии онҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда дар миёни онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар мушовара камбудиҳову норасогиҳои ҷойдоштае, ки онҳо дар рафти санҷиши доир карда шуда ошкор карда шуда буданд, шунида шуда, барои ислоҳи онҳо аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар мулоқоти чанде қабл доиргардидаи вазир бо донишҷӯёни макотиби олии пойтахт зикр гардид, ки дар зарфи 4 моҳи соли равон 1209 ҷинояти аз ҷониби ноболиғону ҷавонон бо шумули донишҷӯён содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 12 ҷиноят ба куштор, 86 ҷиноят ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, 28 ҷиноят ба дуздӣ, 5 ҳодиса ба ғоратгарӣ ва 38 ҷиноят ба авбошӣ марбут аст. Аз оғози сол нисбат ба 1 ҳазору 249 нафар ҷавонон 1 ҳазору 136 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Афзоши ҳодисаҳои даст ба ҷиноят задани ҷавонону ноболиғон миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ҷомеа изҳори нигаронӣ ба бор овардааст, зеро нишондиҳандаҳои дар боло зикршуда барои кишвари кӯчаке чун Тоҷикистон хеле зиёд аст», - гуфта буд вазири корҳои дохилии ҶТ.