Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷрокунандаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов рӯзи 30-юми май бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ хабар доданд, Ю.Федотов аз Афғонистон аввал ба шаҳри Хоруғ ва сипас ба Душанбе меояд.

«Дар пойтахт ӯ дар чорабиниҳо ба муносибати 13-умин солгарди таъсиси Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ширкат варзида, бо мақомоти раҳбарии кишвар дидору гуфтушунид анҷом медиҳад», - гуфтанд дар АНМН.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи чорабиниҳои ҷашнии АНМН рӯзи 31-уми май дар Душанбе оид ба масоили ташкили мубориза бо маводи мухаддир конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Дар кори он намояндагони хадамоти дахлдори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия, Афғонистон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд.

«Ғайр аз ин, дар шаҳри Душанбе ҳамчунин мулоқоти мақомоти зидди мухаддироти Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон баргузор мегардад, ки дар он масоили роҳандозии амалиёти муштарак алайҳи паҳншавии маводи мухаддир баррасӣ мешавад», - афзуд манбаъ.