Дар тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012», ки рӯзҳои 7-14-уми июн дар машқгоҳи Чоруқдаррони гарнизони ҳарбии Суғд доир мегарданд, беш аз 2 ҳазор сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Қирғизистон ва Русия ширкат меварзанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин тамринҳо аз кишварҳои узви СҲШ танҳо воҳидҳои низомии Ӯзбекистон иштирок намекунанд. Алҳол маълум нест, ки бо кадом сабаб Ӯзбекистон аз иштирок даст кашидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба тамринҳои низомии ҷузъу томҳои кишварҳои узви СҲШ фармондеҳи нерӯҳои низомии хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Эмомалӣ Собиров фармондеҳӣ хоҳад кард.

Дар тамринҳо амалиёти муштараки нерӯҳои ҳавоӣ, артиллерия ва бронетехника санҷида мешаванд. Аз ҷараёни баргузории тамринҳо мансабдорони воломақоми низомии кишварҳои узви СҲШ ва кишварҳои ҳамҷавор назорат хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Давлатҳои Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар СҲШ мақоми нозирро доро мебошанд. Мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ ба Белорус ва Шри-Ланка дода шудааст.