Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров дар маросими муаррифии Гузориши ҷаҳонӣ оид ба маводи мухаддир дар соли 2012 (World Drug Report 2012), ки имрӯз дар шаҳри Ню-Йор шурӯъ мешавад, иштирок мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ин маросим Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, раиси иҷлосияи 66-уми Маҷмаъи кулли СММ Носир Абдулазиз Ал-Носир ва Директори иҷрокунандаи Раёсат оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ Юрий Федотов низ ширкат меварзанд.

Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби музокироти иҷлосияи 66-уми Маҷмаъи кулли СММ дар мавзӯи «Маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамчун таҳдид ба рушд» ва дар Рӯзи байнулмилалии мубориза бо истеъмол ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир доир мегардад.