Кормандони хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар минтақи ҷануби кишвар як миқдор маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд, санаи 2-юми июл дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён барои азназаргузарони гумрукӣ автомашинаи тамғаи «Дулан» таҳти идораи н.Н.-29-сола, ки семент мекашонид, манъ шудааст.

«Таҷҳизоти муосири назоратии «Рапискан», ки дар гузаргоҳ насб шудааст, маводи хатарнок дар автомашинаро муқаррар кард», - гуфтанд дар хадамот.

 Ба иттилои манбаъ, дарвоқеъ пас аз кофтукови дохили автомашина як пинҳонгоҳе бо бастаҳои селлофании дорои 6 килову 777 грам маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

«Ронанда ин миқдор маводи мухаддирро аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ интиқол доданӣ буд. Феълан аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», - афзуд манбаъ.