Чанде қабл ҳайати варзишгарони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таҳти сарварии сардори дастаи марказии варзишии артиш (ССКА) Фарҳод Раҳматуллоев ба пойтахти Қазоқистон рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаидун Маҳмадалиев хабар дод, беш аз 50 нафар варзишгарони дастаи марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз 3 то 11-ум июл дар мусобиқоти Спартакиадаи 9-уми артишҳои ба ҳам дӯсти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат меварзанд.

Ба гуфтаи ӯ, ба барномаи мусобиқоти Спартакиада 8 навъи варзиш, аз ҷумла қувваозмоии ҳарбӣ, гӯштини тарзи озод, дзюдо, волейбол, шиноварӣ, триатлон ва ғайра дохил карда шудаанд.