Бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов як қатор сардорони шуъбаи корҳои дохилии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иваз карда шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД, полковники милитсия Рашидов Нуралӣ ба вазифаи сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷ, полковники милитсия Назирбеков Додобек ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, полковник Раҳмонов Бомурод ба вазифаи командири Полки моторикунонидашудаи милитсияи Қӯшунҳои дохилии ВКД, подполковники милитсия Сайфов Самад ба вазифаи сардори ШВКД-и дар нақлиётбудаи вилояти Суғди РВКД ва майори милитсия Абдуллоев Муҳаббат ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Нурободи РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт таъин карда шуданд.

Инчунин бо фармони Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Аҷиков Шодмон аз вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ ва подполковники милитсия Қурбонов Абдураҳмон аз вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод карда шуданд.