Вазири мудофиаи Фаронса Жан-Ив Ле Дриан рӯзи 18-уми июл аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни сафар вазири мудофиаи Фаронса бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев дидору гуфтушунид хоҳад кард.

«Зимни гуфтушунидҳо бо вазири мудофиаи Фаронса баррасии масоили марбут ба таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷи нерӯҳои эътилофи зиддитеррористӣ аз Афғонистон дар соли 2014 дар назар аст», - гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Uzdaily.uz, Жан-Ив Ле Дриан рӯзи 16-уми июл ҳамчунин аз Тошканд низ боздид намуда, бо ҳукуматдорони Ӯзбекистон гуфтушунид анҷом медиҳад.