Дар нимсолаи аввали соли равон миқдори умумии ҷиноят дар Тоҷикистон ба андозаи 5,7%, аз ҷумла шумори ҷиноятҳои вазнин 32,4% коҳиш ёфтааст.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ шуда, масъалаҳои фаъолияти Раёсатҳои мубориза бо ҷинояткории муташаккил, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кофтукови ҷиноӣ, тафтишот, хадамоти давлатии «Муҳофиза», қӯшунҳои дохилӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ  дар давраи ҳисоботӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Бино ба маълумоти интишоршуда, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони милиса 418 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор гардида, аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 907 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.