Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, ки дар шаҳри Хоруғ қарор дорад, тавассути телевизиони маҳаллӣ аз аҳолии вилоят дархост кард, ки ба дастгир кардани гунаҳкорони ҳодисаи қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров мусоидату кӯмак намоянд.

Бино ба иттилои радиои «Озодӣ», айни замон вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов ва як гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар низ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки ду нафар гумонбаршудагон ба қатли генерал ба ҳукуматдорон таслим шудаанд. Манбаъ аз ифшои номи таслимшудагон худдорӣ варзид.