Сохторҳои қудратии Тоҷикистон маълумоти нахустини расмӣ дар бораи талафот зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Хоруғро интишор карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Нозирҷон Бӯриев хабар дод, дар ҷараёни баргузории амалиёти махсуси мақомоти қудратӣ дар шаҳри Хоруғ 42 нафар ба ҳалокат расид.

Ба гуфтаи Бӯриев, миёни ҳалокшудагон 30 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 12 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ мебошанд. Ғайр аз ин, 40 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ боздошт шудаанд, ки ҳашт нафарашон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд. Ҳамчунин 23 нафар ҷароҳат бардошта, аз аҳолии осоишта касе осеб надидааст.

Айни замон марҳилаи фаъоли амалиёт ба итмом расида, поккории мавзеъ идома дорад. Изҳороти муштараки КДАМ ва ВКД ҳамчунин тавассути тамоми шабакаҳои телевизиони давлатӣ пешкаш гардид.

Ёдрас мекунем, ки субҳи дирӯз амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷиҳати нобуд сохтани гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии Толиб Айёмбеков оғоз гардид. Аъзои ин гурӯҳ ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал Абдулло Назаров гумонбар дониста мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, афсарону сарбозони маҷрӯҳ ба Душанбе интиқол дода мешаванд. Ба беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ 13 маҷруҳон оварда шуда, яке аз онҳо дар беморхона ба ҳалокат расид.

Ҳамчунин дар назди госпитали низомии Душанбе миқдори зиёди одамон ба мушоҳида мерасанд. Ба ин ҷо ҷасадҳои кушташудагон интиқол дода мешаванд. Ҳарду беморхона таҳти муҳофизаву нигоҳбонӣ қарор дода шуда, аксгириву наворбардорӣ дар назди он манъ шудааст.